Шароити иқлиму хокии ноҳияи ба номи Ашт

Автор: Пользователь скрыл имя, 19 Февраля 2013 в 18:25, реферат

Описание работы

Ин кори курси ба хотири шинос намудан бо як намуди сабзавоти тару тозаи хуштам ва шифобахш ки аз америкаи чануби давлати Перу ки иклими гарму хушк дорад асос ефтааст. Помидор дар худуди хозираи Осиеи Миена аз кадим парвариш мешудаст, ки бозефтхои тухми помидор зимни хафриети Марв ба асрхои 15 мансубият доранд, ба даст омада гувохи онанд. Аз парвариши помидор дар Точикистон аввалин бор дар хисоботи М. Лопотт (с. 1912) маълумот оварда шудааст.

Работа содержит 1 файл

кори курси Рашидов Н.doc

— 124.50 Кб (Скачать)

Накшаи супориши кори курси аз имр 2 бароои курси 4

Мавзуъ: Истехсоли махсулот дар мисоли помидор  дар масохати 19 га дар нохияи Ашт . касали

 

Накшаи кори

Сарсухан

Шароити иқлиму хокии ноҳияи  ба номи Ашт

Хусусиятхои биологии помидор                                                  Хел ва навхои нохиябандшуда

Киштгардон 

Коркарди байникатори

Касалихои помидор

Чорахои мубориза

Касалихои вируси

Адабиетхои  истифодашуда

 

 

 

 

 

 

 

                                    Сарсухан

Ин кори курси  ба хотири шинос намудан бо як намуди сабзавоти тару тозаи хуштам ва шифобахш ки аз америкаи чануби  давлати Перу ки иклими гарму хушк дорад асос ефтааст. Помидор дар худуди хозираи Осиеи Миена аз кадим парвариш мешудаст, ки бозефтхои тухми помидор зимни хафриети Марв ба асрхои 15 мансубият доранд, ба даст омада гувохи онанд. Аз парвариши помидор дар Точикистон аввалин бор дар хисоботи М. Лопотт (с. 1912) маълумот оварда шудааст. Парвариши помидор дар чумхурии мо махсусан солхои 20 равнак ефтааст ва холо он яке аз сабзавоти асосист. Точикистон шароити хуб барои парвариши помидор дошта, дар шахру нохияхои Б. Гафуров, Спитамен, Ашт, Ч.Расулов, Исфара, Истаравшан, Хисор, Кургонтеппа, Кулоб васеъ парвариш карда мешавад.

Меваи помидор  вобаста ба навъ ва шароити парвариш 5-12% моддахои хушк, 2,7-7% канд, 0,2-1.1% чавхарисебу лиму, витаминхои С, А, В1, В2, ин чунин охану фосфор, сулфур, хлор, манган, мис, калий, калсий, магний ва гайра дорад. Помидорро дар тару тозаги истемол мекунанд, ба хурок хамрох мекунанд, аз он хар гуна хуришхо пюре, паста, шарбат тайер мекунанд.

Ба хурок  хамрох кардани помидор пайдоиши глаукомаро пешгири намуда, узвхои хозимаро кувват медихад, кори чигарро  бехтар мегардонад. Чихеле ки дар боло аз хусусиятхои помидор гуфтем помидор хеле ахмияти калон дорад ва мебояд парвариши ин намуди сабзавотро зиед кард.

Шароити иқлиму хокии ноҳияи  ба номи Ашт

Нохия Ашт дар  камари чанубу шаркии каторкухи Курама – аз Адрасмон то Камчик вокеъ мебошад. Ин нохия аз сатхи бахр 320м баланд чойгир мебошад. Масоахти умумияш 2790 километри квадрати буда, аз 73 хочагии дехкони ва зиед иборатбуда, хазорхо гектар заминхои оберишаванда дорад.

Ашт дар пахлуи он ки гандуми пурмагз мепарварид, мевахои шахдбори зардолуву себ, ангуру тут  ва  дигар зироатхои  кишоварзи ба монанди пахта ва аз чумла помидор парвариш карда мешаванд.

 Иқлими ин минтақа континенталӣ буда, табиати махсуси тобистони хушк ва дар мавсимҳои дигар боришоти нисбатан зиёд мебошад. Дараҷаи миёнаи ҳарорат дар моҳҳои июн ва июл ба 35…370 С-ро ташкил медиҳад. Дараҷаи миёнаи сардӣ дар моҳҳои зимистон бошад, ба - 12- 160 С баробар мебошад.

Дар ноҳия давраи хушки зиёд буда миқдори боришот  ба 150-300 мм дар як сол баробар мебошад. Қисми зиёди ин боришот дар фасли зимистон меборад. Бисёрии заминҳои киштшаванда обёри карда шуда, сарчашмаҳои асосии оби ноҳияро канали Фарғона, ва дигар сойҳои майда ташкил медиҳанд.

Ҳарорати миёнаи солона мувофиқи ҳисобҳои бисёрсола 14,10С-ро ташкил медиҳад. Моҳҳои хунуктарини сол ин январ (-2 0С), феврал                    ( 1,5 0С) ва декабр ( 1,5 0C) буда, моҳҳои гармтарин бошад, июн                 ( 26,6 0С), июл ( 29 0С) ва август ( 26,6 0С ) мебошад.

Ҳарорати баландтарини ҳаво 460 С буда, ҳарорати пастарини ҳаво бошад, ба - 270C баробор аст. Намнокии ҳаво 59% буда, ҳарорат дар моҳи июн-август то ба +43+470 мерасанд. Ҳарорати миёнаи шабонарӯзи aз 15 0С зиёд аз моҳи апрел cap шуда ба моҳи октябр ба охир мерасад.  

Дар водиҳои  паст ва минтакаҳои наздикуҳӣ давраи гарми, нимаи аввали моҳи март сар  шуда, даҳрузаи дуюм ва сеюми моҳи ноябр  ба охир мерасад.

Миқдори рӯзҳои гарм дар давоми сол 215-220 рӯзро дар бар мегирад. Дар ноҳияи Ашт шамолҳое мавҷуданд, ки бештар аз самти шарқ, ғарб, шимол, шимолу ғарб ва шимолу шарқ мевазанд. Шамоли аз самти шарқ меварзида дар баъзе рузҳо хеле сахт мебошад.

Мувофиқи ҳисоботҳои бисёрсола миқдори рӯзҳо бо шамоли сахт, бо суръати бештар аз 15 м/с дар як сол то 34 рӯз мерасад.

Хосияти фарқкунандаи асосии ноҳия аз давомнокии зиёди  давраи хунукӣ (зимистони ҳақиқи) ва баланд будани ҳарорати хаво дар мавриди  ҳадди ақали нисбии он ба шумор меравад. Давраи хунуки аз 100 рӯз дар баландии 400 – 500 м ва то 140 рӯз дар баландии 2000 м давом мекунад. Зимистони ҳақиқи дар ин баландиҳо аз 50 ва 100 рӯз мутаносибан идома меёбад. Ҳарорати ҳадди -270С -290С – ро ташкил дода зимистон то баландии 900 – 1000 м хело ҳам муллоим, зиёда аз он мулоиму бо хунукии бо эҳтидол ва камбарф аст.

  Хок

Ҳудуди ноҳияи Ашт дар вилояти Суғд ба минтақаҳои субтропикии шимоли Тоҷикистон дохил шуда, заминҳои корами он зиёда аз 180 ҳазор гектарро ташкил менамояд. Қисми зиёди ин заминҳо хоки хокистарранги санглох мебошад. Боқимондаи онҳоро заминҳои хокистарранги равшан  ва муқаррари ташкил медиҳад. 

Ҷиҳати хоси заминҳои санглох хеле паст будани ҳосилхезии табии онхо буда, дар  таркибашон гумус хеле кам 0,5-1,5% дорад. Чунин заминҳо дар таркиби худ ба миқдори маҳдуд фосфор ва калий доранд, ки барои ривоҷ додани боғдори хело мусоидат мекунад.

Бисёри заминҳои ноҳия санглох буда, он ба 24,5 ҳазор  га баробар мебошад. Ҳосилхезии ин заминҳо  хеле паст буда, (гумус 0,5-1,% нитрогени умуми то 0,12%, фосфори умуми TО 0,127%) дар натиҷаи иҷро накардани киштгардон (7:3; ва ё 7:2:1) ва ба замин ворид накардани поруи маҳалли, сатҳи ҳосилхези он сол аз сол кам шуда истодааст.

ХУСУСИЯТХОИ БИОЛОГИИ ПОМИДОР

Помидор зироати  гармидўст буда, тухмии он дар гармии 15 -180 С хок аз замин неш зада мебарояд, нихоли он дар гармии 24- 260 С рўзона ва 15 -180 шабона мўътадил месабзад. Дар харорати аз + 100 паст, нашъунамои нихоли помидор ва дар +150 гулкунии он ќатъ меѐбад. Дар сурати то 0-10 паст шудани харорат нихоли помидор нобуд мешавад. Ба нашъунамои нихоли помидор харорати баланди хаво хам таъсири бад мерасонад; хангоми баланд шудани харорат (35 - 400 ва аз он зиѐд) инкишофи нихолхо кашол ѐфта, баъд ќатъ мегардад ва гардхояш ќобилияти гарддоркуниро гум мекунад. Барои нашъунамои хуб ва гирифтани хосили баланду босифати помидор харорати мўътадили 25 - 300 С зарур мебошад.

Хел ва навхои нохиябандшуда

Пеш аз оне ки ягон чиро шинонем, бояд донем ки кадом  навъи зироати интихоб кардаамонро  мешинонем. Зеро агар барвакт хосил гирифтан хохем, бояд навъи тухмихои барвактиро интихоб намоем.

Дар Точикистон барои парвариш дар замини кушод навъхои помидори «Сурхи Файзободи», «Первенец 190», «Утро», «Подарок», «Восток-36», «Факел», «Бируница», «Ракета», «Новинка Приднестровья», «волгоградский 5/95», «Дварфстрон», «Глория», «Плавневий А-80» ва барои парваридан дар гармхонахо  «Майдан урожайний 2090», «Уральский многоплодний», истифода мешавад.

Навъи «Файзободи сурх » Навъи дерпаз буда, аз неш  зада баромадани то пухта расидани хосили он 120 – 125 рўзро дар бар мегирад.

Нихолаш сершоху  сербарг мебошад; ќади пояи

асосиаш 120- 150 см аст. Баргаш сабзи хокистаранги

муќарари. Мевааш гирду пахншакл, рангаш сурх,

сатхаш андак  пастию баланди дорад. Мевааш 6,24%-

моддаи хушк, 4,13 % ќанд,0,39% кислота ва

29,61мг/фоиз витамини  С дорад. Хосилнокиаш аз хар

сотих 480-550килограммро  ташкил медихад.

Навъи “Волгогради 5-95”. Ин навъ миѐна- дерпаз буда, давраи аз

баромадани  нихолхо то пўхта расидани хосили он

110-120 рўзро дар  бар мегирад. Ин навъи помидор

серхосил мебошад, дар ваќти нигохубини хуби он то

400-500 кг аз 1 сотих  ва аз он хам зиѐд хосил медихад.

Он ба шароити  гарми хело тобовар мебошад.

Навъи «Новичок». Давомнокии нашъунамои нихолхо, то пўхта  расидани ин навъ 105 –115 рўзро ташкил медихад. Буттааш

детерминантии миѐнаи шохдор, миѐнабарг,

баландиаш 60–80 см мебошад. Гулхои аввалинаш

баъди 6–7 барга  гаштани нихолхо пайдо мегарданд.

Мевааш дарозрўяки нафис, вазни миѐнаи он 80-85

гр. аст. Рангаш сурх, якбора мепазад, ба кафидан

тобовар буда, мазааш хуб аст. Хосилнокиаш аз 450

то 550 кг аз 1 сотих  ва аз ин хам зиѐд шуда

метавонад.

Навъи «Финиш». Навъи дерпазаки миѐна буда, аз неш зада баромадани

тухми то пўхта расидани хосил 110- 120 рўз мегузарад.

Дар ваќти шинондани  нихолхо дар майдони кушод то

пўхтани хосил 75 –85 рўз лозим аст. Мевааш лундашакл

буда, рангаш сурх, пўсташ ѓафс аст. Вазни миѐнаи

мевааш 80-100 грамм  мебошад. Мевааш якбора мепазад.

Ба гарми тобовар буда, хосилнокиаш аз 400 -500 кг аз

як сотих  ва аз ин хам зиѐд буда метавонад.

Навъи «Дар –  Заволжье». Навъи миѐнапазак буда, пас аз неш зада

баромадани  нихолхо баъди 100 - 105 рўз мевааш

мепазад. Буттааш  детерминанти, навдарониаш миѐна,

миѐнабарг, баландиаш 50 - 70 см аст. Гулхои аввалинаш

баъди 6–7 барга  гаштани нихол пайдо мешаванд.

Мевааш гирдшакли хамвор, рангаш сурхи норинчи,

якбора мепазад. Вазни мевааш 75 - 105 гр. аст.

Хосилнокиаш  аз 500 то 900 килограмм аз як сотих

мебошад. Ин навъ барои тайѐр намудани консерва

ќуллай аст  ва инчунин барои тару тоза истеъмол намудан васеъ истифода бурда мешавад.

Навъи «Восток -36» Навъи миѐнапази помидор буда, дар тамоми минтаќахои чумхури бидуни Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон

барои парвариш ва кишт тавсия карда мешавад, самти

истифодабари барои тайѐр намудани хуриш. Муддати

нашуънамояш аз рўзи неш зада баромадан то пурра

пўхта расидани хосилаш ба 110 рўз баробар мебошад.

Бутташ одии пурќувват буда, хачми миѐнаро дорад,

баргафшониаш  бенихоят хуб мебошад, дарозии бутташ

ба 60 - 65 см рафта  мерасад, ранги баргхояш сабз буда,

хачми миѐнаро доранд. Вазни миѐнаи мевааш ба 101-118

грамм баробар  мебошад. Хосилнокиаш 432 – 713 кг/сотихро ташкил менамояд.

Таркиби кимиѐвиаш: моддахои хушк 5,7 – 6,4%,ќанд – 2,8 -3,0 %, витамини С -16,6 -

19,8 мг/%, моддахои хушк дар таркиби шарбаташ – 4,8 -5,4%, каротин – 12,36 – 19,15

мг/%, умуман маъзаи туршиаш – 0,44 -0,47%. Маззаю таъмаш ба 4,0 - 5,0 балл

баробар мебошад.

Навъи «Новинка Приднестровья» - Навъи миѐнапаз буда, дар худуди

чумхури аз соли 1972 барои парвариш чори карда шудааст,

дар ќаламрави чумхури, дар Вилояти Хатлон дар минтаќахои

Ќурѓонтеппа ва Кўлоб, нохияхои тобеъи чумхури ва

минтаќаи Хисор барои парвариш ва кишт тавсия карда

мешавад, самти  истифодабари барои тайѐр намудани

консерва. Муддати  нашвиаш аз рўзи неш зада баромадан  то

пурра пухта расидани хосили якумаш 133 рўзро дарбар

мегирад. Мевааш бенихоят зебо буда, шаклаш силиндри аст,

рангаш сурх, хамвор, гуштдор мебошад, вазни миѐнааш ба 48

грамм баробар  мебошад. Мазаю тамъаш дар холати тару

тоза буданаш  ба 4,0 - 4,2 балл баробар карда шудааст.

Хосилнокии сифати молиаш ба 470 – 762 с/га рафта мерасад.

Навъ ба тамоми касалихо тобовар буда, барои интиќол додан аз як чо ба чои дигар устувор мебошад. Таркиби кимиѐвиаш: моддахои хушк 5,9 – 6,5%, ќанд – 2,7 -3,1 %, витамини С - 9,7 -11,7 мг/%, моддахои хушк дар таркиби шарбаташ – 3,8 -5,1%, каротин – 0,45 – 1,20 мг/%, умуман маъзаи туршиаш – 0,32 -0,37%. 6

Навъи «Факел» - Навъи миѐнапази буда, дар худуди чумхури аз соли 1979

парвариш карда  мешавад. Парвариши он дар

тамоми минтаќахои чумхури, бидуни Вилояти

Мухтори Кўхистони Бадахшон, нохияхои тобеъи

чумхури ва гурўхи нохияхои Рашт барои парвариш

тавсия карда мешавад. Самти истифодабари барои

тайѐр намудани консерва. Муддати нашвиаш аз

рўзи неш зада баромадан  то пурра пухта расидани

хосилаш ба 97 – 120 рўз баробар мебошад. Бутташ

одии пурќувват буда, хачми миѐнаро дорад,

баргафшониаш на он ќадар  хуб мебошад. Дар як буттаи ин навъ аз 5 то 8 мева ба самар мерасад. Баландии бутташ 34 - 56 см баробар буда, диаметраш бошад 30 – 40 см –ро ташкил медихад. Баргхояш ранги сабзу намуди одди дорад, хачмаш миѐна аст. Мевахояш шакли гирдро доранд, рангашон сурхи хамвор мебошанд. Вазни миѐнаи мевааш ба 54 -100 грамм баробар мебошад. Хосилнокии сифати молиаш ба 467 – 735 кг / сотихро ташкил менамояд. Таркиби кимиѐвиаш: моддахои хушк 6,1 – 6,2%, ќанд умуми– 2,8 – 3,0 %, витамини С -19,7 – 20,8 мг/ %, моддахои хушк дар таркиби шарбаташ – 4,8 – 5,1%, каротин – 10,44 – 15,51 мг/%, туршиаш – 0,48 - 0,50%.

Ба касалию  зараррасонхо тобовар мебошад.__

КИШТГАРДОН

Дар киштгардон помидорро на бояд баъд аз кишти зироатхои оилаи ангури сагак (картошка, тамоку ва боимљон, ќаламфури тез ва ширин) шинонд, зеро онхо касали ва заррасонхои муштарак доранд. Барои аз онхо эмин доштани помидор ба ин гуна заминхо танхо баъд аз се сол бояд помидор шинонид. Дар киштгардон зироатхои пешкишти хуби помидор ин ѓаладонагихо, карам, сабзи, пиѐз, сирпиѐз, бодиринг ва зироатхои полези ба монанди тарбуз, харбуза, каду мебошанд, ки баъд аз ин зироатхо кишт намудан помидор хосили хуб медихад.

Технологияи парвариш

               Корхои зимистона ва авали бахори

Ба хар гектари  замини барои кишти помидор пешбини  шуда 35-40 тонна поруи пусида , 45-60 кг фосфор ва 30-40 кг калий андохта, дар чукурии 28-30 см шудгор мекунанд, яхоб мемонанд. Бахорон шудгори тирамохиро нарм, сихмола ва хамвор намуда, дар чукурии 18-20 чуяк мекашанд.

Кишт

Дар шароити  Точикистон помидорро аз кучат е  тухм мепарваранд. Кучатро дар гармхона, парвардахонае зери пленкаи полиетилени месабзонанд. Хангоми дар парвардахона сабзонидани кучат, пеш аз кишти тухми баргу пояи зироати соли гузаштаро бароварда, пору(50-60 см) мепошанд (омехтаи хокро аз 2 хисса пусидахок, 2 хиса регхок ва 1 хисса рег тайер карда, аз галбери чашмакхояш 25-30 мм мегузаронанд). Тухмиро пас аз 3-4 рузи андохтани хок (харор. он ба 20-22 с мерасад)коштан лозим. Тухмиро пеш аз кишт ба намакоби 5-фоиза меандозанд ва тухмихои руи об баромадаро гирифта мепартоянд. Тухми зери об шударо шуста мехушконанд ва барои пешгири кардан аз касали саратони бактерияви хар кг онро бо 3-4 гр ТМТД захролуд мекунанд.

Информация о работе Шароити иқлиму хокии ноҳияи ба номи Ашт